ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №61”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни суҳбат бо омӯзгорони ташкилоти ибтидоии номбурда масъулини ҳизбӣ оид ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва риояи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ҷавонони имрӯза бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ба воя расанд. Ба равияҳои тундгарои террористиву экстирмистӣ ҳамроҳ нашаванд. Аз кирдорҳои зишту номатлуб канора ҷӯянд. Аз айёми хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдак ҳисси муҳаббату ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳиро бояд тарбия намуд.
Баъд аз анҷоми суҳбату мулоқотҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ аз тарзу услуби ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии "МТМУ №61" дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.