Ҷ. БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маҳфили адабӣ, қироати шеърҳо аз ашъори шоири халқӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Маҳфилро масъулини муассиса кушода, хонандагон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз ашъори шоир шеъру пандҳо қироат намуда, бо саҳначаҳои рангини худ табъи тамошобинонро болида гардониданд. Дар анҷоми чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроия оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи суҳби доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” суханронӣ намуда, омӯзгорони фаъоли муассисаро бахшида ба 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ карданд.