БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ...

АНДЕША. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фvpӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст.  Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамлакатҳои дунё ошно гашта, оламро бо тарзи дигар бинад.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ «Кас ҳамон вақт подшоҳи олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад».

Агар дақиқтар андеша кунем рафиқи ҷонии инсон китоб аст. Дар ҳама лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле хуб  ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. «Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад». Ба масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби тамомои қишри ҷомеа ба китобхонӣ Пешвои миллат дар паёми худ аз 26 декабри соли 2019 дастуру супоришҳои махсус дода, таъкид доштанд, ки дар ҳама идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, корхона ва марказҳои фарҳангию истироҳатӣ китобҳонаҳо таъсис дода ва мавриди истифода қарор гирад. Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар як қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳимми таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сўйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст. Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Бахшида ба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, ва “Илм фурӯғи маърифат”  озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, эҳёи анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, эҳсоси худогоҳию худшиносиро дар замири ҷавонону наврасон водор намудани садоқат ба Ватану миллат баргузор мегардад. Оре, «ганҷ магир - китоб гир» - мегӯянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, аммо  китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Алиҷон  Ҷумаев,    мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён                                                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg