Н. ХУСРАВ. Ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Кумитаи иҷроия ҳамарӯза дар деҳот бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозӣ намуда, бо ҳар як оила шинос шуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯроквории сокинонро дида баромада истодаанд.
Ин навбат масъулин бо сокинони деҳаи Лолазор вохӯриҳо баргузор намуда, ба хонаҳои онҳо ташриф оварда, аз истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиашон дидан карданд. Ҳамчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқии ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуданд.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза таъкид намуданд, ки ҳар як сокинро зарур аст, ки корро тарзе ба роҳ монад, ки барои бартараф кардани ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошад ва захираи маводи хӯрокаро афзун намояд, то ин ки аз норасогии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашад. Заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро самараноку босифат истифода бурда, барои ду сол маводи хӯрокаро барои аҳли оилаашон захира намоянд.