Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва татбқи амали он роҳандозӣ карда истодааст.
Масъулини ҳизбӣ бо аъзо ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи Орзуи ҷамоати деҳоти Фирӯза суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, нуктаҳои асосии Паёми имсола ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмониданд.
Инчунин, таъкид намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли фаъолияти аксар соҳаи хоҷагии халқ баҳои сазовор доданд. Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод гардид, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд.
Аз ин иқдоми ғамхоронаи Пешвои миллат кишоварзон басо хушнуд гашта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳарвақта дида бештар маҳсултар фаъолият намоянд.