Н. ХУСРАВ. Бахшида ба 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони бахши фарҳанг, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия маҳфили қироати шеър ва озмунҳои адабӣ аз ашъори шоири зиндаёд, бунёдгузори шеъри навин баргузор гардида истодааст
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ҷамоати деҳоти Наврӯз маҳфили қироати шеър аз ашъори устод Мирзо Турсунзода баргузор намуданд. Хонандагону омӯзгорон аз ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва шеъру достонҳои офаридаи ӯ «Садои Осиё», «Ҷони ширин», «Духтари муқаддас», «Қиссаи Ҳиндустон» «Ман аз Шарқи озод» ва ашъори дигари устод қироат намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроия Ализода Сурё Ҷӯра дар ҷамъбасти маҳфил баромад намуда, қайд кард, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар адабиёти қарни бист дар шеъри муосир бо услуби хоси худ яке аз беҳтарин шоирони замон ба ҳисоб меравад. Шеъри шоир ва шахсияти ӯ руҳияи баланди ватандӯстиву инсонпарварӣ дошта, дар дар адабиёти муосири мо бо сабку услуб ва андешаи тоза навоварии хеле бузург мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода натанҳо дар тарбияи милливу худшиносии халқи мо, дар парвариши ғояҳои баланди инсониву башарӣ дар байни хонандагони кишварҳои дигар низ саҳми мондагоре дорад. Шеъру достонҳои шоир қариб ба ҳамаи забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.
Ғолибони озмуни қироати шеъри устод Мирзо Турсунзодаро муайян намуда, ба онҳо ифтихорнома тақдим карда, ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод гардиданд.