БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР ДЕҲОТ МАНФИАТОВАР АСТ

АНДЕША. Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои манфиатовар дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои рушди соҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳоро ба роҳ мондааст. Барои ташкили корхонаҳои парандапарварӣ агар маблағҳои зиёда лозим бошад, аммо ҳар як сокини деҳот, ки масоҳати қитъаи замини наздиҳавлигаиаш ҳудуди 8 сотихро ташкил медиҳад, метавонад фермаи хӯрди парандапарварӣ ташкил намояд ва саҳми худро дар истеҳсоли маҳсулотӣ ватанӣ гузорад.          

Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани воридоти гӯшти паранда ин ба қабул шудани «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2021» аст, ки мақсади барномаи мазкур зиёд  кардани истеҳсоли босифати тухм ва гӯшти паранда бо истифода аз технологияҳои муосир, беҳтаркунии зот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин кам намудани хароҷоти изофа мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2018 парандапарварони ҷумҳурӣ аз тамоми андоз ва боҷи гумрукӣ озод гардиданд, ки ин яке аз заминаҳои пешравӣ дар соҳаи парандапарварӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд. Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст. Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст. Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст”.

Рушди соҳаи парандапарварӣ метавонад дар нигоҳдошти нархӣ гӯшт ва афзун намудани тухм саҳми муносиб гузорад. Аз ин лиҳоз шаҳрвандоне, ки дар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд барои парандапарварӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, чунки ин соҳа имтиёзнок ва даромади хубе дорад. Дар ин самт харҷи маблағҳои калон ҳам зарурат надорад. Ва барои нигоҳдошти паранда сохтмонҳои азим ҳам лозим нест. Хулоса парандапарварӣ барои ҳар як сокини деҳа фоидаовар буда, метавонад як оиларо бо ҷойи кор ва даромад таъмин намояд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg