БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеа моҳияти қонунҳои миллиро дарк намудаанд

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ,    дар доираи Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал  бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  бо сокинони ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ, ки воқеъ дар маркази  ноҳия ҷойгир шудааст, вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти маҷлис  оид ба амалӣ ва татбиқи  Паёми Асосгузори сурҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии беморихои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид  намудан дар атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ,  мазмуну муҳтавои суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, ба иштирокдорон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg