КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи бахт” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи бахт”, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Иброҳимзода Мумина зимни мулоқот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Валиева Саъбагул қайд дошт, ки Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро кафолат медиҳад. Барои солим будани оилаҳо, рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талошҳои ҳам давлат, ҳам ҷамъият, ҳам муассисаҳои таълимӣ ва ҳам шаҳрвандон зарур аст. Зеро ободии оила бақои давлат аст ва солимии он барои бунёди давлати соҳибтамаддун ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир накши назаррас дорад.
Иброҳимзода Муъмина дар идомаи суҳбат гуфт, ки муноқишаҳои оилавӣ асосан дар оилаҳои носолим бо баҳонаҳои ночиз, ҷанҷоли байни зану шавҳар, хушдоману келин, фарзандони нохалаф, бадахлоқ сар мезанад, ки оқибат ба ҷудошавии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Аз рӯи маълумотҳо синни бештари оилаҳои ҷудошуда аз 18 то 25-ро ташкил медиҳад. Ҷудошавии навхонадорон бештар аз муҳити оила вобастагӣ дорад. Хуб мешуд, ки ҷавонон дар оиладоршавӣ ва муносибатҳои оиладорӣ аз шахсони калонсол ва рӯзгордида маслиҳат гиранд.