БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИФАРЗАНД

ХУРОСОН. Аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардумии мо таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошт. Имрӯз ҳам баҳри ба воя расонидани ҷавонони солеҳу соҳибмаърифат, пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ҷомеаи навини мо, қабули қонуни мазкур зарур ва саривақтӣ буд.

Дар ин хусус бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, бо омӯзгорони Литсейи давлатии  №1 ҷамоати шаҳраки Обикиик  суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Вобаста ба ин омӯзгорони моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ талош варзида, дар самти омодасозии онҳо барои иштирок дар озмунҳои мазкур саҳми босазои худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg