ВОСЕЪ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” ва саҳм гузоштан дар ободии диёр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил” корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Бояд қайд намоем, ки барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемории сироятии сил дар назди ташкилоти ибтидоии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил” 6 адад утоқҳои махсуси таҳлилӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва нафарони саховатпеша сохтмонаш ҷараён дорад.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар 8 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ бо маром идома доранд. Мавриди зикр аст, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 адад номгӯи корҳои ободонӣ ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо сохта ба истифода дода шуданд.