ВОСЕЪ. Ба ифтихори 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири зиндаёди Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Восеъ миёни хонандагони боистеъдод, ки маҳорати хуби суханронӣ доранд, маҳфилҳо ва озмунҳои қироати шеър баргузор гардида истодааст.
Ин бор бо иштироки масъулини ҳизбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6–и ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов байни хонандагон маҳфили қироати шеър аз ашъори устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Солиҳов Фарух мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия дар охири маҳфил қайд намуд, ки Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин саҳифаҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Оре, устод чун як фарзанди боғурур ва баномуси миллат аз рӯйи нармдиливу заковати зотӣ дардошнову ғамшарики мазлумони олам буда, ҳимояи номусу шараф ва манфиатҳои Ватанро ҳамеша муқаддамтар аз ҳама чиз меҳисобид.