ВОСЕЪ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва ҷалби ҷавонон барои иштирок дар ин озмунҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо хонандагон Солиҳов Фарух мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар озмунҳои дар боло зикргардида иштирок намуда, донишу малака ва маҳорату истеъдоди худро бисанҷанд ва номбардори падару модар ва ноҳия гарданд.
Ҳамзамон масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ худдорӣ намудан аз шомил шудан ба ин гуна ҳизбҳо андешаронӣ намуданд.