БОХТАР. Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Конференсияи 23-юми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар доир шуд.
Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, муовини якуми раиси шаҳри Бохтар Мирзозода Нурулло, аъзои Кумитаи иҷроия ва Раёсат, Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои гурӯҳи вакилон, намояндагони ВАО ва дигар шахсони даъватшуда, иштирок доштанд. Рӯзномаи маҷлис аз як масъала пешбарии номзадони ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ба ҷойи вакилони хориҷшуда иборат буд. Ҳамин тариқ, бо қарори Конференсияи 23-юми ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Холова Манзура директори муассисаи томактабии №23 –и шаҳри Бохтар, номзад дар ҳавзаи интихоботии №4, Баҳодуров Хушнуд раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” сартабиби Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон номи Бӯрӣ Воҳидов номзад дар ҳавзаи интихоботии №6 ва Сафарзода Гулистон Сафар, раиси ташкилоти ибтидоии “Осорхонаи вилоят”, директори муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи Авасто номзад дар ҳавзаи интихоботии №17 пешбарӣ карда шуданд.
Иброҳимзода Неъматулло зимни суханронии худ номзадони пешбаригардидаро аз номи Кумитаи иҷрояии шаҳрӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки барои ноил шудан ба номи баланди вакили мардумӣ бояд номзадон бо интихобкунандагони худ вохӯриву суҳбатҳо доир карда, дар ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷуда дар маҳал мусоидат намоянд. Вакилони мардумӣ, ки аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ гардиданд, бояд масъулияти дучанд дошта бошанд, зеро ҲХДТ имрӯз дар ҷомеа мавқеи хосаро соҳиб буда, ҳадафҳои барномавии ҳизб ҳадафҳо ва ормонҳои миллӣ мебошанд, - гуфт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло.
Сипас, муовини якуми раиси шаҳри Бохтар Мирзозода Нурулло дар назди вакилон доир ба масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида карда, аз вакилон ва фаъолони ҳизб даъват ба амал овард, ки дар сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулият баланди ватандорӣ ва меҳанпарастӣ муносибат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи марти соли 2021 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ваколати вакилии вакилон Сафарова Латофат, Саймуминов Аҳлиддин ва Собирзода Умедаро пеш аз муҳлат қатъ карда, дар ҳавзаҳои интихоботии №4, №6 ва №17 оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтарро таъин намуд.