БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН-и вилоят” маҷлиси умумии аъзои ашкилоти ибтидоӣ доир шуд. Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Мусозода С.А., мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Нахсут, Мусозода С.А. маҷлисро ифтитоҳ намуда, доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда ибрози назар кард. –Тоҷикистон дар 30-соли охир ба тавари кайҳонӣ бо роҳбарии Пешвои миллат рушд кард. Барои мисоли равшан он ки Тоҷикистон чигуна рушду нумуъ кардааст, метавон ободӣ ва пешрафти шаҳри Душанберо мисол овард. Дар баробари тараққӣ кардани пойтахти азизамон обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта истодааст. Дар солҳои охир Душанбе маркази баргузории саммиту конфронсҳои байналмилаливу минтақавӣ гардидааст. Дар соли 2021 “Пойтахти фарҳангии ИДМ” эълон гардидани шаҳри Душанбе худ нишонаи он аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои амну осуда дар ҷаҳон мебошад, - гуфт раиси ташкилоти ибтидоии “РАСИН-и вилоят” Мусозода С.
Сипас, Толибзода Толиб суханронӣ карда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар кард. Аз ҷумла, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолитяти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал, дастгирии аксияҳои ҳизбӣ ва ғайра муҳокима карда шуд.
Дар охири маҷлис Мусозода Саймумин - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуд.