БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО СОКИНОН

Ҷ. БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар масъалаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ҷамоати деҳоти Узун суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Вобаста ба ин омӯзгорони моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ талош варзида, дар самти омодасозии онҳо барои иштирок дар озмунҳои мазкур саҳми босазои худро гузоранд.  Инчунин, Алиев Зафар ҷиҳати мусбии озмунҳоро барои омӯзгороне, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои муносиб мешаванд, фаҳмонида дода, ҳамзамон дар бораи сифати таълиму тарбияи наврасон ва боло бардоштани он ибрози ақида намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg