Ҷ. БАЛХӢ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Иттифоқ ҷамоати деҳоти Фрунзе корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуд.
Дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ибрози андеша намуда, иброз доштанд, ки ҳар як ваҷаб заминро бояд самаранок истифода барем, кӯшиш кунем то ин, ки дар як сол то се- чор ҳосил ба даст оварем. Аз ҷониби масъулин ба сокинон маводҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.