Ҷ.БАЛХӢ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил бо усули “хона ба хона” бо сокинон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Ин навбат дар деҳаи Саноати ҷамоати деҳоти Узун корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ масъулин оид ба пешгирӣ аз бомориҳои сироятӣ, самаранок истифодабарии қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки ҳар як ваҷаб заминро бояд самаранок истифода бурда кӯшиш кунем то, ки дар як сол то се чор ҳосил ба даст оварем. Аз ҷониби масъулин доири ба даст овардани ҳосилнокии замин ва маҳсулоти хушсифат баъзе маслиҳатҳои муфид дода шуд.