Ҷ. БАЛХӢ. Дар ҳамкорӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатии деҳаи Карл Маркси ҷамоати деҳоти Ҳалевард баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ маъсулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия, Сулаймонова Лола ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия Насриддинов Аҳтам иштирок дошта, оид ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ суҳбат намуданд.
Зимни суҳбат Лола Сулаймонова қайд намуд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлатиро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандории ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.