БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат раҳнамои мо

ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар маҳаллаи Ҷавонии ҷамоати  шаҳраки Қубодиёни  ноҳияи Қубодиён бо мақсади татбиқи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат доир намуданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб иштирок намуд.

Дар ҷамъомад  масъулин  оид ба даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ суҳбати судманд доир карданд.

Шарифзода Маҳмадаюб  дар барои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар маҳаллаи Ҷавонӣ ҳунарҳои гилембофӣ, намадбофӣ аз пашмҳои чорвои хурди шохдор, қуроқдӯзӣ маъмул аст, таваҷҷуҳи махсус  зоҳир намуда, даъват бар он кард, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ  саҳмгузор бошанд.

              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg