ЁВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодааст. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳар як вохӯрие, ки дар деҳа баргузор менамоянд, ҳатман аз муассисаҳои таълимӣ дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат меороянд.
Бо ин мақсад дирӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-и ҷамоати шаҳраки Ёвон дидан карда, бо як гурӯҳ хонандагони синфҳои 10-и муассисаи мазкур вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат бобати ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати маориф ва насли наврас, илмомӯзӣ, таълиму тарбия, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ андешаронӣ намуд.
Воқеан, омӯзгорон дар ҳар давру замон хазинаи тиллоӣ ва зиёиёни миллати тоҷик мебошанд. Маҳз омӯзгор метавонад, насли наврасро барои ояндасозӣ роҳнамоӣ кунад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок номида, ояндаи дурахшони кишварро аз хизмати содиқона ва меҳнати софдилонаи омӯзгорон арзёбӣ менамоянд.