БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

АНДЕША.  Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки  имрӯз кишвари азизи мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати соҳибихтиёру соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Дар Ватани биҳиштосои мо дар фазои сулҳу ваҳдати  сартосарӣ  дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият карда, дар пешрафту ободии меҳан саҳм мегузоранд.  Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо - Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо ҷавонон пайваста таъкид менамоянд, ки “Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ба хизмати Модар-Ватан  доим омода бошанд”.  Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Ҷавонони моро мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода кард. Дар муассисаҳои таълимӣ зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона хизмат кардан ба халқу Ватанро меомӯзанд.
Бояд қайд кард, ки мутаассифона имрӯзҳо дар байни аҳолии мамлакат ёфт мешаванд нафароне, ки нисбат ба хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидаҳои гуногун доранд. Рӯзҳои наздик назарам ба яке аз гурӯҳҳои саҳифаи иҷтимоӣ (fecebook) расид, ки онҷо аз ҷониби ҷавондухтаре суоле ба миён гузошта шуда буд. “Чаро имрӯз баъзе аз ҷавонони мо ба хизмат намераванд?” ҷавобҳои (комментарий) онҷо гардонидашударо хонда бисёр нороҳат шудам чун зиёди ҷавобҳо бо забони русӣ хунукназарона аз ҷониби баъзе модарон, занони тоҷик гардонида шуда буд. Яъне, “-Ман писарамро барои маъюб кардан калон накардаам ва ё  ман писари ба хизмат мерафта надорам  ва дошта бошам ҳам равон намекунам”. Чаро чунин ақидаҳо?! Албатта, ман ҳамчун як шахси соҳибватан андешаи худро онҷо гузоштам баҳс ҳам кардам, лек паҳлуи нигаронӣ он буд, ки чаро имрӯз маҳз баъзе занону модарон чунин андешаҳои хом доранд? Ҳол он, ки зан-модарро офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ, нерӯи пешбарандаи ҷомеа мешуморем. Ва агар чунин занони ақидаҳои хом дошта тарбиятгар, модар бошанд вой бар ҳоли фарзандоне аз онҳо тарбия мегиранд. Чунин занон худ ба тарбияи дуруст ниёз доранд. Боиси ифтихор аст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар  қисмҳои ҳарбӣ  шароити хуб фароҳам оварда шудааст ва пайваста тариқи ВАО аз шароиту рӯзгори сарбозон барномаҳо намоиш дода мешавад. Пас мебояд аз ақидаҳои беасос худдорӣ намуда, дар замири наврасон ва ҷавонон ҳисси баланди  меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро тарбия намоем. Дар ин самт тарбияи оила, мактаб ва ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Лозим ба ёдоварист, ки ҳифзи марзу буми Ватан на он борест, ки ба дӯши дигарон гузорем. Ин масъулиятест, ки аз ҳар яки мо соҳибватанон, хоса ҷавонони бо нангу номус тақозо мекунад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: "Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд". Ба хизмати Ватан- Модар омода будан, ба қадри неъмате чун истиқлолияту ваҳдати миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон мебошад.

Лола Сулаймонова,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg