ШАҲРИТУС. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаи Ёқуб Каримов ва Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ё.Каримов» ва «Истиқлол» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ бо дастуру пайгирии намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳруз, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, қабл аз оғози Аксия мавсуф бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ва обу ҳавои мусоиди баҳорӣ ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз алаф ва растаниҳои худрӯй машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.