Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болои ҳизб ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фуруғи маърифат» миёни хонадагони муассиаҳои тахсилоти миёнаи умуми ва ташкилоту муассисаҳо ноҳия пайваста мавриди фаҳмондадеҳӣ ва баргузорӣ қарор доранд.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо кормандони бахши фарҳанг озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ буданашро фаҳмонида дода, аз рӯи номинатсияҳои он, байни кормандон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави шеърдону суханвар баргузор гардид.
Аз байни 23 нафар иштирокчиёни озмун вобаста ба синну сол 7 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври ноҳиявии озмуни мазкур пешбарӣ гардиданд.