Н. ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгонамон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллиамон аксияи умумуминоҳиявӣ «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо, собиқадорони ҳизб, ходимони дин, дар 2 қабристони деҳаҳои ноҳия баргузор намуданд.
Дар қабристонҳои деҳаҳои Арабхона ва Бешкенти ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия бо иштироки васеи сокинон Аксияи «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардида, гирду атофи оромгоҳи деҳа, тоза карда шуд.
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» зиёда аз 220 нафар сокинони деҳоти ноҳия дар ҳашари тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо иштирок намуданд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аъзои Ситоди ноҳиявӣ «Рӯзи ёдоварӣ" ба мардум фаҳмониданд, ки анъанаҳои неки ниёгонамон боиси тақвият ёфтани дӯстиву рафоқати мардум ва хайрхоҳию пос доштани башардӯстиву некандешӣ нисбати насли калонсолу гузашта ва дар рӯхияи одобу маданияти баланд тарбия намудани насли ҷавони кишварамон мебошад. Миллати тоҷик бо пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ ва урфу одатҳои наҷибаш соҳиби ҳурмат ва эҳтирооми оламиён гаштааст.