БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН -ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИСТ

Н. ХУСРАВ.  Бо мақсади   афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам ва наздиҳавлигию президентӣ  дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, масъулини  Кумитаи иҷроия    дар  деҳот бо  усули  «хона  ба  хона» корҳои  фаҳмондидиҳиро  роҳандозӣ  намуда,  аз  ҳар  як  оила  дидан  намуда, истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигии  сокинонро  дида  баромаданд.

Ин  навбат  бо  сокинони деҳаи  Орзуи ҷамоати  деҳоти Фирӯза вохӯриҳо  баргузор  намуда, ба  хонаҳои  сокинон  ташриф оварда,     фаҳмониданд, ки  дар  Паёми  имсолаи  худ  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дастур  доданд, ки  бо  истифода аз  тухмиҳои   аълосифат ва самаранок  истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ  ва бо ҳамин роҳ гирифтани то  се ҳосилро хусусан  дар  соли  2021 таъмин  намоянд.   Бо назардошти  вазъи мураккаби  ҷаҳони  имрӯза  ҳар  як сокини  ҷумҳуриро зарур аст, ки   корро   тарзе ба  роҳ  монем, ки  ба  ҳар гуна  мушкилоти эҳтимолӣ  омода  бошем ва  захираи  маводи  хӯрокаро  афзун  намоем   аз  норасогии  маводи  ғизоӣ  танқисӣ   ва  муҳтоҷӣ накашем. Заминҳои  наздиҳавлигӣ  ва президентиро  самараноку босифат   истифода  барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg