ВОСЕЪ. Дар Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот масъулин оид ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзони вилояти Хатлон суҳбат ороста, қайд карданд, ки мо ҳизбиён якҷоя бо шумо яъне кормандони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ мардумро водор созем то минбаъд низ бо мақсади таҳким ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил талош варзем ва аз имкониятҳои истифоданагардида васеъ баҳра барем.
Раиси Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ Аскаров Сангалӣ таъкид намуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони сокинони мамлакат саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.