ХОВАЛИНГ. Бо фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ новобаста аз шакли моликияташон бахшида ба 110- солагии адиби номдори тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода суҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд.
Чунин вохӯрии судманд дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 – деҳаи Гулзор гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов ба хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумоти муфассал дода, онҳоро ба хондани асарҳои адиб ҳидоят намуд.