![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210316_102936.jpg?itok=6-riGbxr)
ЛЕВАКАНТ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр бо хонандагони синфҳои болоӣ, вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур кормандони Кумитаи иҷроия оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмунҳои мазкур суханронӣ намуда, гуфтанд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор мешавад. Озмун аз чор давр иборат буда, аз аввали моҳи майи соли 2021 то моҳи декабри соли 2021 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.