БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР АМАЛЕРО ПОДОШЕСТ...

ВОКУНИШ. Дар шабакаи ҷаҳонии феейсбук андешаи як Модари тоҷикро хондам, ки мегӯяд оё Кабирӣ ин ҳама амалҳои бадашро дар назди қонун, халқ ва гуфтаҳои Қуръони Карим чӣ ҷавоб мегуфта бошад.

Модари азиз! Ин палиди оқиватан, оқимиллат агар ақл, тарбия медошт, қонун, халқ ва китоби муқаддаси Қуръони Каримро медонист ва  бидуни ҷинояткор буданаш дар назди ин гуфтаҳоят ҷавоб мегуфт. На танҳо мани як ҷавони тоҷик, балки имрӯз ҳама медонанд, ки ин палид худро бо пулу пайсаи охундҳои эронӣ фурӯхта,  ки на қонун, на миллат ва на Худоро медонаду мешиносад, шояд фардои қиёмат дар пеши очаи зораш ҷавоб гӯяд. Имрӯз ин фоҳишаи сиёсӣ намедонад, ки сарашро ба кадом гӯр занад.

Дар куҷое, ки ҷаласаҳои САҲА  мегузарад, саги бӯйгир барин пайдо машавад ё хоҷагонаш ӯро равон мекунанд, ки рафта баромад кун, Тоҷикистонро сиёҳ кун. “Бечора”, ки муттаҳам мондааст, чи кор кунад. Ин супоришҳоро иҷро мекунад. То имрӯз бо пули ҳароми онҳо зиндагӣ карда омада, акнун ҳар он чӣ ки онҳо мехоҳанд, чорпо истода иҷро мекунад. Худованд ба ӯ баринҳо бадтарин ҷазоро раво дидааст:  Дур аз Ватани дар мулки бегона, аз ёру диёраш ҷон ба Ҷаббор месупорад, ин ҳолат барояш ногузир аст. Ин ҳаромзода дигар хиёнатпешаҳои дар хориҷи кишвар бударо кофта, бо онҳо якҷоя аз номи миллати тоҷик Паймони миллӣ баста, тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ  бар зидди Тоҷикистон фаҳшу буҳтон паҳн мекунанд. Ин даъфа, гӯё мардум ба ӯ таваҷҷуҳи зиёд дошта бошад, дар шабакаҳои интернетӣ худро таблиғу ташвиқ намуда, зиёда аз 2 соат дар пахши мустақим ба саволҳои сокинон ҷавоб гардонидааст. Аммо дар зиёда аз 90% - и саволу муроҷиатҳо ба шахсият ва амалҳои хиёнаткоронаи Кабирӣ лаънат хонда шуд. Бори дигар исбот гардид, ки мардум то чӣ андоза ба ӯ нафрат доранд.  

Бо он намоиши бешармона ва беноусонаи ту Кабирӣ нафрату лаънати мардуми кишварамон дар сарат чун барфу борон рехт.   Мардум ҳеҷ гоҳ ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва  табадулотҳои давлатии пай дар пай, ки аз сӯйи Кабирӣ бо мақсади вайрон кардани сохти конститутсионӣ роҳандозӣ шуда буд, фаромӯш накардааст.

Имрӯз Тоҷикистон ба қатори давлатҳои зеботарин ва пешрафта табдил ёфтааст. Ҳоло кулли мардуми ин сарзамин бо дилу дасти пок барои истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз бо заҳмати ҳалол таёрӣ дида истодаанд,  ки ту ва ту баринҳо ин муваффақиятҳои беназири давлат ва миллатро дидан намехоҳед.

Тағайзода Рустам, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg