БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ШАРОИТИ ШОИСТАИ ЗИНДАГӢ

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншави бемории сироятии COVID-19 ва самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” миёни сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Сулҳ ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардид.

Масъулин зимни мулоқот ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас намуда, вобаста ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи самараноки заминҳои наздҳавлигӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аксияҳои ҳизбӣ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg