АНДЕША. Муҳоҷирон дар асл шахсиятҳое ҳастанд, ки дар воқеъ барои миллати тоҷик боиси ифтихор, чун бештари онҳо тавонистанд, ки аз азизону наздикон ва Ватан дур гашта, солу моҳҳоро дар Ватани бегона сипарӣ менамоянд ва худро муҳоҷир ҳисоб мекунанд. Дар воқеъ на ҳар кас тавони муҳоҷир буданро дорад. Имрӯз шоҳиди онем, ки на танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки зиёда аз дусад давлатҳои ҷаҳон муҳоҷиранду бо меҳнати ҳалолу арақи ҷабин зиндагии хешро пеш мебаранд. Имрӯз қайд намудан ҷоиз аст, ки маҳз буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, махсусан дар давлати Россия ташаббус ва сиёсати хирадмандона ва сулҳдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки борҳо бо ин мақсад бо сарони давлати Россия гуфтушунид намуда, шартномаҳои тарафайнро ба имзо расонидааст. Имрӯз давлати Россия давлати моро ҳамчун шарики рушд эътироф намуда, ҳамкороҳоро дар самтҳои гуногун, хусусан муҳоҷирати меҳнатӣ ба роҳ мондааст.
Инҷо дар зеҳни ҳар яки онҳо борҳо суол ба миён меояд, ки муҳоҷир ва аз Ватану азизон дур будани миллати тоҷикро, ки лозим шуморид ва чаро солҳои қаблӣ муҳоҷир ва ё муҳоҷират гуфтани истилоҳ набуд. Боиси таассуф аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки Тоҷикистон нав як сол буд, ки худро соҳибистиқлол шуморид ва ба бунёди давлати навин шуруъ намуд, маҳз бадхоҳони миллат аз дохили худи мо навкарони хешро омода намуданд ва ин шахсиятҳо бо ду пули ночиз бародарро бо бародар ҷанг андохта, хонаи ҳазорон тоҷики бегуноҳро оташ заданд, ҳазорон фарзандро бепадар ва ҳазорон модарро беписар гардонида, мардуми минтақаи Вахшро ба давлати ҳамсояи Афғонистон гурезаи иҷборӣ намуд. Мо то он солҳо намедонистем, ки сабабгори оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ки буд ва ин ҷанг ба ки лозим буд.
Имрӯз маҳз тавассути ҷонбозиҳо ва аз худ гузаштанҳои Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон ба як давлати ободу пешрафта табдил гардида, бо заҳматҳои фарзандони оқилу фарзона ва донишмандаш дар ҷаҳон шинохта гардидааст.
Аз ин рӯ аз Шумо низ бародарони муҳоҷир хоҳиш менамоем, ки дар ҳама маврид аз рӯйи ақлу хиради воло амал намоед ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Чун имрӯз бадхоҳони миллат, махсусан аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ зери ниқоби Исломи муқадда ҳар гуна барномаҳои иғвогаронаро зери унвони “Садои мардум”, “Минбари муҳоҷир” ва ғайра таъсис додаанд, ик суистифода аз муҳоҷират будани шумо бар зидди давлату миллат иғво меандозанд.
Имрӯз андешаи бунёди дурахшони Ватан њар яки моро водор месозад, ки дар њама гуна њолатњо аз рўи аќлу хирад, маърифати созанда амал намоед. Мо, мардуми тољикро зарур аст, ки занљири шуњрати наслњоро мустањкам кунем, дар заминаи мероси фарњангии гузаштагон бояд насли нави бунёдкорро тарбия намоем.
Раҳматуллоев Мақсуд. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон