ДАНҒАРА. Бо иштироки Сардори шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва қабули шаҳрвандони Донишгоҳи давлатии Данғара Валиев Умедҷон дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” дар мавзӯи “Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба об” баргузор гардид.
Зимни баргузории курс масъулин қайд намуданд, ки пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун масъалаи об ва нақши он дар инкишофи оламу одам олимони соҳаҳои мухталиф кашфиёту тадқиқоти зиёдеро ба сомон расонидаанд. Бинобар ин ҳангоме, ки дар бораи мавқеи об дар зиндагии рӯзмарраи инсоният, дар бораи тозаю покиза нигоҳ доштан, сарфаю саришта намудани об сухан мегӯем, пеш аз ҳама муносибати маънавию ахлоқиамонро дар мавриди об бояд мушаххас муайян намоем. Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолияти кишвар ба ҳалли масоили об, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Мувофиқи ахбори расонаҳои гуногун ҳоло дар сайёра тақрибан як миллиард одам аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанду 2,4 млрд кас оби пурра тозанокардаро истеъмол менамоянд. Сабаби норасонидани оби ошомиданӣ нархи ночизу беҳисоб будани он мебошад. Бе нарх будан ва истифодаи бехирадонаи об дар сатҳи сайёра ба он оварда расонидааст, ки дараҷаи тоза будани он паст гардида, на фақат саломатии одамон, балки мувозинати экологии биосфера коҳиш ёфта истодааст.