БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон истифодаи дурусти шабакаи ҷаҳонии интернетро ба манфиати ҷомеа медонанд

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух ширкат варзиданд.

Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба таҳияи мақолаву гузоришҳои тарғиботӣ ва нашри он дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки бо пайдоиш ва рушди Интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи замин ва қайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  имкониятҳои фаровони Интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намудааст. Ҳарчанд нақш ва аҳамияти интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро водор месозад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Аз ин имконият гурӯҳҳои манфиатҷӯ истифода намуда, идеяҳои худро таблиғ мекунанд ва  маҳз дар ин марҳила шабакаҳои иҷтимоӣ хатарзо мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg