КӮЛОБ. Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Телеком” таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода баргузор гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки маҷлиси мазкур аз 2 масъала иборат мебошад, озод намудани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Телеком”.
Вобаста ба масъалаҳои болозикр раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода қайд намуданд, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон- таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд.
Дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзои ҳизб пешниҳод гардид, ки ки Хушвахтова Бибинур бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Телеком” озод карда шавад. Инчунин, мутобиқи банди 4.4-и Оинномаи ҲХДТ пешниҳод намуданд, ки - Орзуи Ҷурахон раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “Телеком” интихоб карда шавад. Вобаста ба пешниҳодҳои мазкур қарори дахлдор якдилона қабул гардид.
Дар фарҷом Гулрухсор Шарифзода изҳори боварӣ намуд, ки раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазое хоҳад гузошт.