КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Асозода Ҳотам Раҷаб ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин дар мавзӯи “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ вазифаи ҳар яки мо” мизи мудаввар доир гардид.
Нахуст, Асозода Ҳотам Раҷаб вобаста ба таърихи пайдоиши мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ баромад намуда, тавре мавсуф қайд дошт оромгоҳи М.С.А. Ҳамадонӣ яке аз ёдгориҳое мебошад, ки таърихи беш аз 500 сола дорад.
Дар баробари ин, дигар кормандони масъули осорхона низ оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар маърӯза намуданд.
Инчунин, Ҳамидиён Орзу дар тақвияти гуфтаҳои баромадкунандагон иброз намуд, ки мо-тоҷикон таъриху фарҳанги бою ғанӣ дошта, борҳо ба халқи ҷаҳон тамаддун нишон додааст. Аз ин рӯ, моро мебояд аз ҳамаи ин ифтихор намоем ва онҳоро ҳифз созем.
Ҳамзамон, Саймуминзода Фирӯз Саймумин иброз доштанд, ки Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умуммибашарӣ вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Моро месазад ин ганҷи пурқиматро чун гаҳвараки чашм ҳифзу эҳё намоем ва ба насли оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор довталабоне, ки барои аъзо шудан ба ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, дар фазои тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.