БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО...

ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби Кумитаи ноҳиявии ҳизб миёни  хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо”  эълон карда шуда, аз ҷониби довталабон зиёда аз 45 иншо дар мавзӯи мазкур ба унвонии сохтори ноҳиявии ҳизб пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба баргузории озмуни мазкур Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамон таъсис дода шуда, рафти баргузории ин озмунро назорат намуданд.

Пас аз тафтиши иншоҳои довталабон аз ҷониби комиссияи тафтишоти 5 довталабе, ки ишнои беҳтарин доштанд барои гирифтани дипломҳо пешниҳод карда шуданд.

Дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо ” ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа, Алиева Фаришта хонандаи  синфи 8-и МТМУ №1 ҷойи якум, Шарипов Меҳроҷ хонандаи синфи 8-и МТМУ № 2 ҷойи дуюм, Ҳасанов Муҳаммад хонандаи синфи 8-и МТМУ № 1 ҷойи дуюм, Ҳикматова Адиба хонандаи синфи 9-и МТМУ № 1 ҷойи сеюм ва Розиқова Гулафзо хонандаи синфи 11-и МТМУ № 1 ҷоий сеюмро ишғол намуданд.

Дар фарҷом ғолибони озмуни мазкур  бо туҳфаҳо ва дипломи таъсиснамудаи Кумитаи ноҳиявӣ  сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg