ДӮСТӢ. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз баҳри ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКТ-25” хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Зимни суҳбат доир шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" намояндагони ҳизбӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва дастуру супоришҳои аз Паёми навбатӣ бароянда раҳнамоӣ карданд.