БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: РОБИТАРО БО СОХТОРҲОИ МАҲАЛЛИИ ҲИЗБӢ ТАҚВИЯТ МЕБАХШЕМ

А.ҶОМӢ. Дирӯз дар саҳни ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, машварати сайёрӣ кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки васеи аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, вакилон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии  маҳаллии ҳизбӣ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Ифтихор баргузор гардид, ки дар кори он Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ штирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода дар баробари корҳои дохилиҳизбӣ, иброз дошт, ки ба хотири истиқболи ҷашни бошукӯҳи миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бунёди маҳаллахонаҳо бо ташкили гӯшаи ҳунармандон, сохтани иншоотҳои гигиенӣ (ҳоҷатхонаҳои дренажӣ) ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии фаъолияти кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ба онҳо додани ваколатҳои муайян,ки бояд бо ҷалби вакилони халқ чораҳои зарурӣ андешидан барои ҳал намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки дар маҳалли зисти шаҳрвандон пайдо мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg