ДАНҒАРА. Дар деҳаи Каромати ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф дар асоси иҷрои нақшаи муштараки амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.
Дар Аксияи мазкур сокинони деҳаҳои номбурда, имомхатиби деҳа, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва ҷавонони деҳа фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, иштирокдорон дохили оромгоҳро аз алафҳо тоза намуда, ба дарахтони сояафкан барои гарм омадани боду ҳаво об доданд. Сокинони деҳа иброз намуданд, ки мо бояд барои шод намудани руҳи гузаштагони хеш зери Аксияи умумивилоятӣ амал намуда, корҳои назаррасро ба анҷом расонем.