ДАНҒАРА. Дар идомаи корҳои созандагию ободонӣ ва рангу бор намудани деворҳои атрофи ҳар як хона ё ташкилоту муассисаҳо, дар доираи тадбиқи аксияҳои ҳизбӣ ва шоиста истиқбол гирифтани ҷашни бузургӣ миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром рафта истодааст.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар доираи Аксияи ҳизбии “ Якҷоя месозем!” аз рафти корҳои ободониву созандагии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Марказӣ” дидан намуда, барои боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани ташкилоти номбурда тавсияҳои судманд дода шуд.