АНДЕША. Дар љањони мутаддин ва босуръат пешраванда бисёр кирдорњои номатлуб зуњур кардаанд, ки љомеаро ба гирдоби ноамонї мебаранд. Бар замми бархўрди бесобиќаи абарќудратњо ва тањдидњои нав ба кишварњои аз лињози сиёсию иќтисодї ноком, гурўњњои алоњидаи тундрав истифода бурда, фаъолияти муташаккилонаи низомиро дар бархе кишварњои олам пиёда месозанд, ки дар натиља ањолии осоишта дар ин набардњои хунин љони худро аз даст медињанд.
Бархурди абарќудратњо ва њадафњои нопоки гурўњњои ифротгарою терррористї баъди ба даст овардани Истиќлолияти давлатї дар Тољикистон низ баръало мушоњида мешуд. Гурўњњои алоњида тањти роњбарии собиќ њизби террористиву экстремистии нањзат Тољикистонро ба майдони љанги бародаркуш кашидаанд, миллати тољикро дар муддати кӯтоњ ба сангарњои алоњида пароканда карданд. Вале чун њадафашон нопок буд, тирашон хок хӯрд. Миллати тољик тањти сарварии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тавонист бори дигар давлати тољиконро аз вартаи нобудї наљот дињад ва Љумњурии Тољикистон роњи рушди минбаъдаи худро бо кишварњои демократї, њуќуќбунёд ва дунявї мувофиќ сохт.
Мутаасифона, баъди пурра соњибистиќлол гардидани Тољикистон, гурўњњои тундраву бадхоњ дар њар минтаќаи кишвар мехостанд бо роњу усулњои мухталиф амнияти давлати навбунёдро боз халалдор созанд. Далели ин гуфтањо њодисаи террористие мебошад, ки бо роњбарии ТЭТ ЊНИ моњи сентябри соли 2015 тарњрезї шуда буд ва бар асари он чандин љавонони бонанги кишвар љонашонро аз даст доданд.
Имрўз хатару дањшати терроризму экстремизм ва ташкили гурӯњњои ифротї чунон боло рафтааст, ки љомеаи љањонї мубориза бо ин вабои асрро дастаљамъона эълон намудааст.
Тањдид ё истифодаи зўроварї, расондани зарари вазнин, таљовуз ба њаёти арбоби давлатї ё љамъияї, бенизомї, таѓйири сохти конститутсионї, ѓасби њокимият, барангехтани низои миллї, иљтимої ва динї аз зуњуроти манфии терроризму ифротгароӣ дониста мешавад. Бояд гуфт, барангехтани низои дорои хусусияти ифротгароиву террористидошта, метавонад ба амнияти давлату миллат латма зада, пеш аз њама, ѓояњои ахлоќиву фарњангї ва арзишњои миллиро коста гардонад.
Таљрибаҳо собит намудааст, ки аксари ифротиён ва аъзои гурӯњњои тундравро љавононе ташкил медињанд, ки дар оила, љомеа ва мактаб дониши муккамал нагирифта зери таъсири аќидањои ѓаразнок амалњои вањшатангези худро анљом медињанд.
Љавононро мебояд дар муќобили ин зуњуроти манфї бо аќлу заковат ва дониши баланди маънавию сиёсї мубориза бурда, дар роњи тањкими сулњу истиќлолияти кишвар сањмгузор ва бањри пойдории истиќлолият ва Вањдати миллї кўшиш намоянд.
Файзизода Фарзин, мудири шуъбаи молиявӣ- сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара