БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТО МЕҲНАТ НАКУНӢ, РОҲАТ НАМЕБИНӢ

ВОСЕЪ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар нохияи Восеъ дар маҳаллаи Анористони ҷамоати деҳоти А.Рӯдакӣ бо усули “хона ба хона” ба сокинон суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯриву суҳбатҳо масъулини ҳизбӣ аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, оид ба истифодаи самараноки заминҳо, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, ҳамзамон вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ ибрози ақида намуданд.

Бояд қайд намоем, ки дар ҷамоати мазкур сокинон заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намудаанд ва дар назар аст, ки ҳосили хуб низ ба даст меоранд.

Ҳамзамон, яке аз сокинон чунин иброз намуд, ки то меҳнат накунӣ роҳат намебинӣ, бинобар ин мо меҳнат мекунем то зиндагии шоиста дошта бошем ва дар баробари ин саҳми худро дар ободии хонаамон, кӯчаамон, маҳаллаамон ва дар умум диёрамон пайваста мегузорем то Ватан обод шаваду аз мо ба наслҳои оянда чизе боқӣ монад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg