ВОСЕЪ. Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҷалби бештари онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ав пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонони фаъоли ноҳия дар курси омӯзишии “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Ин навбат ҳамчун маърӯзачии курс раиси ташкилоти ибтидоии “Литсейи давлатии №1”-и ноҳияи Восеъ Шералиев Илҳом баромад намуда, ба иштирокчиён дар мавзӯъи “Бузургони илму адаби форсу тоҷик ва нақши онҳо дар рушди тамаддун ва илми ҷаҳон” дарс гуфт.
Бояд қайд намуд, ки иштирокчиёни курс аз ташкилкунандагон изҳори қаноатманди намуда, бо шавқу рағбати беандоза дар дарсҳо иштирок менамоянд ва ҳатто оиди масъалаҳое, ки барояшон рӯшан нест саволҳо пешниҳод менамоянд.