ВАХШ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки фаъолони ҳизб вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон, муовини раиси ноҳияи Вахш Мамадализода Гулҷаҳон ва сардори Шуъбаи Амнияти нохия Ф. Сайфиддинов суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрии мазкур баромадкунандагон, ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншинос ба воя расонидани ин қишри ҷомеа, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки моро зарур аст, ки имрӯзҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳему нагузорем, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз хориҷи кишвар истода ба сулҳу суботи ҳамешагии мо санги маломат зананд.