ВАХШ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб, роҳбари маҳфили волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Дурманова Нигорамо корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба усули «хона ба хона» ба роҳ монда истодаанд.
Ҳангоми гардиши усули «хона ба хона» ба сокинон ҷиҳати самаранок истофода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва ҳифзи саломатии худ ва наздикон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо варақаҳои тарғиботиро дастрас менамоянд.