БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Зарнисор 1-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони масъули кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон ва дар бораи эълон намудани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамъомад доир гардид.
Масъулин дар назди иштирокдорон оид ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ карда, инчунин дар идома суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷинояту қонуншиканиҳо аз тарафи ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, тақлиди кӯр –кӯронаи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона суханронӣ намуданд.