БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Имконияти анҷоми корҳои хайр дар Тоҷикистон зиёд аст

ШАҲРИТУЗ. Дар  ҶДММ «Финка» -и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо ҷомеаи кишвар бахшида ба муносибати моҳи шарифи Рамазон баргузор гардида буд, баррасӣ карда шуда, иштирокдоронро барои дасти кӯмак дароз намудан ба табақаҳои ниёзманд ва саҳм гузоштанд дар  корҳои созандагӣ ва ободонӣ талқин намуданд.

Ҳамзамон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҶДММ «Финка» аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ чонибдорӣ намуда ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандии худро дар ин самт адо менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg