БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШОД НАМУДАНИ АРВОҲИ ГУЗАШТАГОН ЯКЕ АЗ РИСОЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади  татбиқи Аксияи ҳизбии  “Рӯзи ёдоварӣ”   дар ду  қабристони  деҳаи Охбулоқи ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф дар якҷоягӣ бо сокинону фаъолони ҲХДТ, аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони  Ватан” дар гирду атроф ва дохили  қабристонҳои  деҳа  корҳои ободонию тозакориро тариқи ҳашар баргузор гардониданд.

Дар баргузории аксияи “Рӯзи ёдоварӣ”  зиёда  аз 37 нафар сокинони деҳаи Охбулоқ иштирок намуда, минатдории хешро ба   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон барои баргузории чунин аксияҳои “Рӯзи ёдоварӣ” изҳор намуданд ва қайд карданд, ки беҳтарин кор дар моҳи шарифи Рамазон барои поси хотир, шод намудани арвоҳи гузаштагон аст.

Дар фарҷоми аксияи ҳизбӣ қайд карда шуд, ки барои ободу зебо нигоҳ доштани қабристонҳо ва даҳсолаҳо арзи ҳастӣ намудани қабристону оромгоҳҳо ҳар як сокини банангу ори ноҳияро зарур аст, ки пайваста корҳои ободонӣ, тозаю сарсабз гардонидани дохилу атрофи  онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардонида, дар ин роҳи хайр дигаронро низ  даъват  намуда, насли ояндасози ҷавонро низ дар ин замина барои посу шод гардонидан ва эҳтиром гузоштан ба ҷойҳои муқаддас  тарбия ва роҳбаладӣ сохта,саҳми беназири хешро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg