«…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва харољоти бењудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба ќабули татбиќи барномаҳои давлатї ва сарфи маблаѓњои зиёд дар масъалаи паст кардани сатњи камбизоатии ањолї ба натиљањои дилхоњу назаррас ноил шуда наметавонем».
Эмомалї Рањмон
АНДЕША. Мардуми тољик чун дигар халќњои сайёраамон дорои анъана, расму русум, суннатњои миллї ва динї мебошад. Анъанаю маросимњои миллї љузъи таркибии мо мебошанд ва касе онро манъ карда наметавонад. Аммо њаёт њаминро таќозо мекунад, ки љашну маросимњо ва суннатњои мардумї бояд мутобиќи талаботи љомеаи мутамаддин барпо гарданд.
Ба аќидаи олимон, љомеаи мо љомеаи суннатӣ аст ва дар пояи суннатњое ќарор дорад, ки аз наслњои пешин ба мерос мондааст.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 10-уми қабули қонуни танзим сохтори боз ҳам шадидтар кардани муқаррароти ин қонун шуд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар як мулоқот бо мардум гуфта буд, ки баъди қабул шудани ин тағйирот мардум аллакай дар байни ду соли наздик ҳис хоҳанд кард, ки бо шарофати танзим зиндагиашон чӣ қадар беҳтар мешавад. Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии Парлумони Љумњурии Тоҷикистон дар як иҷлосияи ғайринавбатӣ 11 тағйиру илова ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро қабул кард. Ин тағйиру иловаҳо бо пешниҳоди Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуданд. Дар асоси ин тағйиротњо забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, бо шумули ҳафту чил ва сол, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.
Аксари ањолии мардуми Тољикистон мусулмон буда, исломро њамчун дини осоиш ва ташкилу танзими оила мепазиранд. Ислом аз оѓози худ дар мавриди танзими оила, низоми иљтимої ва фарњангу маданият дар љомеа сањмгузор буд. Шариати ислом ќонунгузорие мебошад, ки њамаљониба инкишоф ёфта, њалли масъалањои вобаста ба эњтиёљ, фаъолият ва мушкилоти одамонро дар бар мегирад. Масалан, мардуми мо дар давраи пањншавии ислом на танњо худро дар баробари мардуми бегона њифз сохт, балки ба баракати он ва тамсоли фардї дар нињоди худ доштааш тавонист дар заминаи суннатњои эронї намунањои бењтарини арабиро таѓғйири чењра дињад. Зимни таѓйиротњояшон он чизеро, ки созгори хислат, кайфият ва хусусиятњои миллиашон аст, ќабул карда, падидањои ѓайру ноошноро лањв ё табдили чењра дињад. Бинобар њамин муњақќиќон чунин аќида доранд, ки мардуми эронинажод аз њар миллати дигари мусулмонон дида, бештар дар пешрафту тавсияи тамаддуни исломї сањми босазо гузоштаанд.
Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ташаббуси наљибе нишон дода, соли 2007 дар суханронии худ бо ањли љамоатчигии мамлакат вазъияти бавуљудомадаро њамаљониба дарк намуда, ба маврид таъкид карданд: «Воќеан, ќисме аз мардуми мо бо сабаби зоњирпарастии беасос ва дар иљрои маросимњо ва маъракаороињо пойбанди таассуби хурофот будани худ ва ба амалњое даст мезананд, ки дар ягон гўшаи дигари олам ба назар намерасад».
Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чорањоро андешида, бо ањли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роњи ягонаи њарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазнинињои сохта ва бидъатњо ќабули ќонун аст. Анъана ва љашну маросимњо омили муњими зуњуроти иљтимої буда, он бояд мутобиќи талаботи замон инкишоф ёбад, то дар масъалаи паст кардани сатњи камбизоатии ањолї ба натиљањои дилхоњу назаррас ноил шуда тавонем. Аз ин рў инсон њамчун шахсият нишонњоеро аз осори масири таърихи ниёгонаш љустуљў мекунад, ки дар он имкони дурнамои пешрафти љомеаро пайдо кунад.
Тањлилњо ва хулосањо нишон медињанд, ки мардуми тољик минбаъд дар ваќти гузаронидани љашну маросимњо тамоми талаботњои Ќуръони маљид ва пайѓамбари исломро оид ба камхарљ гузаронидани маъракањо дар мадди аввал мегузошт ва онњоро бегуфтугў иљро менамуд. Аз ин хотир ин љо на танњо гузаштаву њозира дар бар гирифта мешавад, балки барои ояндагон низ ба мерос расида, сарнавишти минбаъдаи ќавму миллатро муайян мекунад. Тавре пайѓамбари ислом Муњаммад (с) мегўяд: «Агар надони аз куљо омадї, нахоњи донист ба куљо хоњи рафт».
Њамин тариќ пешнињод ва Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Пешвои миллат Эмомалї Рањмон оиди ба танзим даровардани расму оинњои мардумї ва љашнњо ќарори сариваќтї буда, ба манфиати Ватану миллати тољик мебошад. Бинобар ин танзими расму оинњои мардумї ва анъанањои миллї ба руњияи табиию маънавии љомеа мусоидат намуда, сатњи камбизоатии мардумро паст менамояд. Аз ин рў танзими расму оинњои мардумї ва анъанањои миллї ањамияти калони таърихї дошта, бо њифзи арзишњои асили фарњанги миллї ва эњтиром ба суннатњои мурдумї, барои баланд бардоштани сатњи иљтимоию иќтисодии њаёти шањрвандони Љумњурии Тољикистон равона гардидааст.
Камолиддинзода Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара